Баҳси масоили муҳоҷират дар Минск
Имрӯз, 15-уми ноябр, дар шаҳри Мински Беларусия ҷаласаи 14-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ ба кори худ шурӯъ намуд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар назар аст, зимни ин нишаст вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаи Консепсия оид ба сиёсати ичтимоӣ ва демографии аъзои кишварҳои ИДМ, ҷараёни амалишавии барномаи ҳамкории зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012-2014, чораҷӯии кишварҳои ИДМ дар таъмин намудани гурезаҳо ва мақоми гуреза ва ҳамчунин нақшаи кории Шӯро барои соли 2014 баррасӣ гардад.
Ҳамзамон, қарор аст, дар ҷаласаи мазкур масоили ҳамкориҳои мақомотҳои муҳоҷирати давлатҳои ИДМ бо ВАО доир ба корҳои иттилоотӣ, ташкили бозори меҳнати умумӣ ва нақши он дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дар асоси қонун будубош намудан дар қаламрави кишвари дигар миёни ҷонибҳо табодули назар сурат гирад.
Манбаъ мегӯяд, ба танзим даровардани муҳоҷирати наздисарҳадӣ дар қаламрави ИДМ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ низ яке аз масъалаҳои асосӣ дар ин ҷаласа ба шумор меравад.
Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст, муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Саидғуфрон Абдулло, сардори Раёсати иҷозатномадиҳӣ Носиров Анвар, сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Русия Арипов Мансур ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ хадамот Туғрал Хайруллоев намояндагӣ мекунанд.