Бобоназарова: Президент ҳамавақт ба саволу ҷавоб омода бошад
Дар пасманзари ин эълон, ки имсол ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, сарони давлатҳои хориҷӣ даъват нашудаанд, “Озодагон” суол гузошт, ки чаро ашхоси мӯътабар имсол даъват нашуданд?
Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, роҳбари созмони “Перспектива Плюс”:
“Ин навбат рафтори раисиҷумҳур аз президенти қаблӣ фарқ мекунад. Ҳар вақте интихобот буд, президент каме сӯҳбат мекард. Ин дафъа ин корро анҷом надод. Аҷиб аст. Чун одатан сӯҳбат бо мардумро президент дӯст медошт. Намедонам, чаро замони овоздиҳӣ ин дафъа сӯҳбат наоростанд. Шояд фикр карданд, ки дар мавриди интихоботи шаффоф саволҳое мешавад. Ба ҳар ҳол даъват нашудани сарони давлатҳо кори хуб нест ва саволҳоеро ба вуҷуд меорад. Чаро то ин вақт даъват мекарданд, акнун не? Ин чӣ маъно дорад? Фикр мекунам, ҳамаи кор бояд шаффоф бошад. Баъзе хусусиятҳое ҳаст, ки президент бояд онро аз даст надиҳад. Барои мисол, сӯҳбат бо мардум. Агар ҳамин аз даст равад, дигар чӣ мемонад? Ҳар президенте, ки сари қудрат омад, бояд шаффоф бошад. Барои ҳаргуна саволу ҷавоб омода бошад.”
Сӯҳроб ШАРИФОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Даъват шудан ё нашудани ашхоси баландпоя, ин масъалаи шакли баргузории ҳамон чорабинӣ мебошад. Мо бояд бубинем, ки дар “протокол” баргузории маросими савгандёдкунӣ чӣ гуна дарҷ гардидааст. Кӣ ширкат кунад, кӣ бояд даъват шавад, ҳамаи инро дар асоси қонун муайян мекунанд. Тибқи қонунгузорӣ президент метавонад, танҳо дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ қасам ёд кунад. Формати савгандёдкунӣ ҳар вақт ҳар гуна аст. Агар сифр протоколӣ бошад, ба ҷуз аз вакилони парлумон касе даъват намешавад.”
Вафо НИЯТБЕКОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Дар умум, даъват накардани ашхоси баландпоя ҳам як меъёри маросими савгандёдкунист. Агар мо назаре ба таҷрибаи дигар кишвар андозем, мебинем, ки онҳо ҳам даъват намекунанд. Барои мисол, қасамёдкунии президенти тозаинтихоб дар Гурҷистон. Ин навбат хеле содда баргузор гардид. Дар бештар маврид давлатҳо аз худнамоишдиҳӣ даст мекашанд. Инҷо набояд ангезаи сиёсӣ ҷуст.”