Назарпурсӣ: 66 дарсад гуфтанд, ба интихобот нарафтаанд
Зимни як назарпурсӣ, ки миёни хонандагони бахши русии сомонаи “Озодагон” гузаронда шудааст, 66 дарсад изҳор доштанд, ки дар интихоботи президентии 6-уми ноябр ширкат накардаанд.
38,4 дарсади иштирокдорони ин назарпурсӣ далели ширкат накарданашонро дар интихобот, дар он гуфтаанд, ки интихоботи ахирро таҳрим кардаанд. 21,5 дарсад гуфтаанд, ки аз интихобот худдорӣ кардаанд. Беш аз 6 дарсади иштирокдорони назарпурсӣ гуфтаанд, фурсати рафтан ба интихоботи президентиро надоштанд.
Миёни онҳое, ки ширкат доштаанд, 9,4 дарсад гуфтаанд, ки ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз додаанд, беш аз 8 дарсад ба тарафдории номзади дигар ва 15 дарсад изҳор доштаанд, ки ба интихобот рафта номи ҳамаи номзадҳоро хат задаанд.
Ин назарпурсӣ дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, аз 4 миллиону 201 ҳазору 156 интихобкунандаи сабтшуда дар Тоҷикистон, дар интихоботи 6-уми ноябр 3 миллиону 787 ҳазору 703 нафар иштирок намуданд, ки ин 90,1% -и шумораи умумии интихобкунандагони кишварро ташкил медиҳад. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон низ интихоботи 6-уми ноябрро баргузорнашуда гуфт, чун ба ҳисоби Зоиров дар интихобот ҳамагӣ 33 дарсади интихобкунандагон ширкат доштаанд.