Саволи Юсуф: “Чаро 1 дин дорему ба шиаву суннӣ тақсим шудаем?”
Дар пайи хабарҳои марбут ба Рӯзи Ошӯро хонандагони торнамои “Озодагон” даҳҳо шарҳу назари худро навишта, ба мо фиристодаанд. Аммо дар аксари ин шарҳҳо онҳо якдигарро ба шиагароиву салафигароӣ муттаҳам карда, дар ҳаққашон алфози қабеҳ низ гуфтаанд, ки торнамо ҳаққи нашри онҳоро надорад.
Дар ҳамин ҳол, як хонандаи мо бо номи Юсуф дар пайи андешаҳои Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи Рӯзи Ошӯро шарҳе фиристодааст, ки саросар суол аст. Мо ҳам ин нуқтаи назари хонандаи худро нашр карда, Шуморо ба як баҳси созанда даъват мекунем, то ба ин “чаро?”-ҳои ӯ посух гуфта шавад. Лутфан, хонандаи азиз, аз навиштани ҳар гуна алфози қабеҳ ва таҳқири якдигар худдорӣ кунед!
“Ман дар ин рӯзҳо дар барномаҳои ТВ-и кишварҳои араб дидам, ки чӣ тавр издиҳом (толпа)-и даҳҳо ҳазор пиру барно бо байрақҳои сиёҳу сабз куҷое мешитофтанд. Вале ҳеч кадоми онҳо худро бо занҷирҳо зада, хуншор намекард. Фақат як дастро гоҳ ба сина, гоҳ ба сар мебурданду бо ҳамин тамом.
Суруд хонда мешуд. Ҳусейн, Ҳусейн мегуфтанд. Шояд ин анъанашон бошад, бигзор иҷро бикунанд. Вале ман то ба ҳол намефаҳмам, чаро мусулмонҳо худро уммати як паёмбар дониста, Қуръонро китоби муқаддас шумурда, худро ба шиа ва суннӣ тақсим карда, бо кӯчактарин баҳона гиребони ҳамдигар мегиранд? Яке дигарро сиёҳ мекунад, баъзан кор то ба муборизаи хунин ҳам мерасад.
Фикр мекунам, ин ҳама аз қафомондагии тараққиёт дар ин кишварҳо аст. Агар мусулмонҳо мисли амрикоиҳо, ҷопониҳо, аврупоиҳо шабу рӯз бо илму тадқиқот саргарм мешуданд, дар лаборатория ва пажуҳишгоҳҳои муосир дар ҷустуҷӯи ихтироот ва навоварӣ шабҳоро рӯз мекарданд, он вақт аз паси тақсимкуниҳои мазҳабӣ намешуданд. Ин ҳама аз бекорӣ ва беҳунарӣ аст. Дар муқоиса бо ТВ-ҳои давлатҳои исломӣ, ки бештар рақсу суруд, футбол ва қуръонхониро намоиш медиҳанд, ТВ-ҳои кишварҳои Аврупо барномаҳои ҷиддии илмӣ, техникаи нав, филмҳои таърихӣ, тадқиқоти коинот, намоишгоҳҳои Hi-Tech ва дигар барномаҳои ҷолибро роҳандозӣ мекунанд.
Ин қазияе аст, ҷиддӣ ва барои мулоҳиза. Мехостам, рӯҳоние дар ин сайт мақола нашр карда, тавзеҳ бидиҳад, ки чаро ин тавр аст?
Юсуф.”