Қурби доллар ва евро дар Тоҷикистон боло рафт
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳафтаи равон қурби доллар ва евро дар ҷумҳурӣ боло рафта, қурби рубли русӣ бетағйир мондааст.
Ба иттилои ин ниҳод ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА афзуда, ба ҳисоби миёна як доллар зимни харид - 4,9059 ва зимни фурӯш 4,9237 сомонӣ арзиш дошт: “Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бетағйир монда, 0,1488 - 0,1498 сомониро ташкил намуд, қурби евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,5277 - 6,5512 сомонӣ баробар шуд.”
Бонки миллӣ қурби миёнаи долларро дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,9080-4,9260 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,9200-4,9300 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 4,9100-4,9300 сомонӣ арзёбӣ мекунад.