Таҳқиқи марги чаҳор сарбози масмумшуда дар пахтазор
Дар Туркманистон баррасии марги чаҳор аскари ин кишвар бар асари истеъмоли маводи масмумшуда идома дорад.
Ин аскарон дар ибтидои моҳи ноябр дар пахтазори яке аз минтақаҳои Туркманистон бо номи “Оқбуғдой” дар пайи гуруснагии шадид даст ба истеъмоли ҳасибе задаанд, ки масмум будааст.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, аскарони фавтидаи туркман баъд аз машғулияти тамоми рӯзаи хеш бо ҷамъоварии пахта, ба яке аз утоқҳои хоҷагӣ-деҳқонии ин маҳалла ворид шуда, аз даруни яхдон ҳасиб дуздидаанд, ки он масмум карда будааст. Манбаъ мегӯяд, ин ҳасибро кормандони Хадамоти санитарӣ-эпидемиологи Туркманистон ба хотири нобуд сохтани сагу гурбаҳои бесоҳиб заҳролуд кардаанд.
Бояд гуфт, ин аскарони туркман дар ҳоле дар пахтазор боқӣ мондаву аз гуруснагӣ ҳасиби заҳролуд хурдаанд, ки ин минтақаи Турмканистон кайҳо нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба поён расонида будааст.