Ҷои севуми муҳоҷирони тоҷик дар интиқоли пул аз Русия
Тоҷикистон аз рӯи нишондоди интиқоли пули муҳоҷиронаш дар радифи давлатҳои сегонаи аввал қарор гирифтааст.
Сомонаи “Вести Экономика”-и Русия як раддабандиеро миёни кишварҳои пасошӯравӣ тартиб дода, дар он номгӯи кишварҳоро бар асоси ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби муҳоҷиронашон дар Русия ҷой додааст.
Ин сомона мегӯяд, интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан 27,3% афзоиш ёфта, танҳо дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 1,575 миллиард долларро ташкил дод. Бар асоси ин раддабандӣ, Узбакистон бо нишони афзоиши интиқоли пули муҳоҷиронаш то 30% мақоми аввалро аз худ кардаааст. “Вести Экономика” гуфтааст, муҳоҷирони меҳнатии узбак аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ 3,14 миллиард доллар ба кишварашон интиқол додаанд. Ҷойи дуюм, ки дар он Украина ҷойгир аст, ҳаҷми умумии маблағи фиристодаи муҳоҷиронаш дар ҳамин давраи муайян 1,6 миллиард долларо ташкилдода, аз афзоиши 15%-и интиқоли маблағи шаҳрвандонаш ба ватан хабар медиҳад.
Дар идомаи ин феҳрист номгӯи кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба тартиб бо нишондоди маблағи вориднамудаи муҳоҷиронашон омадааст: “Молдова – 887 миллион, Қирғизистон – 870 миллион, Арманистон – 616 миллион, Озарбойҷон – 524 миллион, Белорус – 426 миллион, Қазоқистон – 152 миллион ва Туркманистон – 14 миллион доллар.”
Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар ҳамин давраи муайяни соли ҷорӣ аз ин кишвар ба давлатҳои пасошӯравӣ 9,86 миллиард доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2012 22,3% зиёд мебошад.