Corriere della Sera: Қазоқистон ба “шикор”-и мухолифонаш дар Аврупо идома медиҳад
Ҳукумати Қазоқистон “шикор”-и мухолифонашро дар тамоми кишварҳои Аврупо идома медиҳад,-навиштааст рӯзномаи Corriere della Sera.
"Баъди “шикор”-и Мухтор Аблязов, ки феълан дар Фаронса қарор дорад ва ғайриқонунӣ аз Италия ба Қазоқистон интиқол додани ҳамсар ва духтари ӯ, ҳукумати ин кишвар ҳанӯз саркуб намудани мухолифонаш дар Аврупоро идома медиҳад”,- навиштааст Риккардо Нури муаллифи ин матлаб.
Ба иттилои ӯ, "Додгоҳи олии Италия дархости истирдоди Александр Павлов, раҳбари собиқи хадамоти амниятии Аблязовро пуштибонӣ кард. Павлов соли 2009 аз Қазоқистон фирор карда, аз ҳукумати Испания паноҳгоҳи сиёсӣ хоста буд”.
"Суди Испания бо вуҷуди он ки медонад, Павловро дар ватан шиканҷа интизор аст, ин тасмимро гирифт. Amnesty International бо таваҷҷуҳ ба он ки тасмими додгоҳи Испания муғоир ба қонунгзории байналмилалӣ аст, қатъи онро талаб кард. Тасмими ниҳоиро бояд кабинаи вазирон бигирад”,-омадааст дар матлаб.
"Татяна Параскевич, ки ҳамчунин бо Аблязов иртибот дошт ҳоло дар Чехия ба сар мебарад. Ӯ ҳам мисли Аблязов шояд ба Украина ё Русия ва баъдан ба Қазоқистон истирдод шавад, ки онҷо ҳуқуқҳояш нақз ҳоханд шуд. Amnesty International аз мақомоти Прага хостааст, Параскевичро аз кишвар берун накунад", - менависад, Риккардо Нури.