Стипендияи президентӣ ба дасти донишҷӯён намерасад. Айби Вазорати маориф, ё бонкҳо?
Нилуфари КАРИМ
Гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа аз саривақт дастрас нашудани ситипендияи байналмилалии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- “Дурахшандагон” изҳори ташвиш карданд. Як донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Маскав дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “аз аввали соли хониш то ҳол маблағе, ки бояд барои таҳсиламон ҷудо гардад, ба суратҳисобамон нагузаштааст.”
Мусоҳиби мо афзуд, “ҳар сол чунин мушкил дорем. Ба Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон чанд бор занг задем, лекин то ҳол маблағ нагузаштааст.” Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон саривақт дастрас нашудани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёнро айби бонкҳо донистанд.
Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маориф, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки то соли 2016 тариқи стипендияи “Дурахшандагон” 50 нафар донишҷӯ ба хориҷи кишвар равон карда мешавад. Дар мавриди маблағи донишҷӯён Одинаев афзуд, “стипендияи донишҷӯён аз ҷониби ҳукумат ҷудо ва ба суратҳисобашон ҳам гузаронида шудааст. Барои ба донишҷӯён расидани маблағҳо агар дар Амрико бошад, тариқи 10 бонк ва агар дар Русия бошад, тариқи 5 бонк мегузарад. Сабаби асосии дер гузаштани стипендияҳо ин марҳилаҳои бонкӣ мебошад. Се рӯз пеш ба мо гуфтанд, 16 нафаре, ки маблағҳояшон нагузашта буд онҳо низ гирифтаанд. Айни ҳол гуфта мешавад, ки 4 нафари дигарашон мондаанд”.
Ба қавли гирандагони стипендияи “Дурахшандагон”, ҷониби Тоҷикистон ба донишгоҳҳо тибқи шартнома маблағҳои муқарраршударо, аз ҷумла маблағи суғуртаи тиббии донишҷӯёнро, сари вақт пардохт наменамояд: “Дар натиҷа, дар бисёр ҳолатҳо донишҷӯён ба имтиҳонот роҳ дода намешаванд ва ба рӯйхати хориҷшавандагон шомил мегарданд.”
Донишҷӯён мегӯянд, мутобиқи муқаррароти Низомномаи стипендияи байналмилалии президенти Тоҷикистон -- «Дурахшандагон», ки бо қарори ҳукумат аз 2 апрели соли 2009 тасдиқ гардидааст, хароҷоти роҳкирои донишҷӯён бояд пардохт карда шавад. “Аммо ҳангоми рафту омад барои таҷрибаомӯзӣ, ки тибқи барномаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад ва дар асоси роҳхати Донишгоҳ анҷом дода мешавад, хароҷоти роҳкирои донишҷӯён пардохт карда намешавад. Ин ҳолат бевосита ба вазъи молиявии мо таъсири манфӣ мерасонад. Зимнан аксари донишҷӯён ин гуна имкониятро надоранд”,-гуфтанд бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ гирандагони стипендияи президентӣ аз дер дастрас шудани маблағашон шикоят карда ва ин мушкил танҳо баъд аз ирсоли нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳал шуда буд.