Қатли як рӯзноманигори қирғиз аз сӯи ғоратгарон
Бакит Букаев, рӯзноманигори машҳури қирғиз шоми 12 ноябр аз тарафи афроди ношинос ба қатл расонида шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ҷасади рӯзноманигори қирғизро пайвандони ӯ рӯзи 13 ноябр тахминан соати 19:00 дар манзили зисташ, воқеъ дар шаҳри Бишкек пайдо кардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дар бадани шахси ба қатлрасида шуда, аломатҳои марги маҷбурӣ ба назар мерасад. Мақомоти пулиси Бишкек гуфтаанд, ҳар чанд ҳоло касеро гумонбар намедонанд, вале ба эҳтимоли зиёд ин ҳодиса ба фаъолияти кории ӯ рабт надорад.
Вазорати умумури дохилии Қирғизистон бар инаст, ки рӯзноманигори қирғизро дар пайи ғорат намудани молу амволаш ба қатл расонидаанд: “Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.”