Маслиҳати ҳизби М.Кабирӣ ба ҳукумати нави Э.Раҳмон
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) интихоботи президентии 6 ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, ғайридемократӣ, ношаффоф ва бидуни рақобати ҳақиқӣ дониста, рақамҳои эълоншударо дур аз воқеъият хонд.
Ин шӯро рӯзи 13 ноябр дар ҷаласаи ахири худ марҳалаҳои гуногуни интихоботи президентиро ба баррасӣ гирифта, бо пахши як баёния мавқеи худро равшан кард. Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, аз ҷумла омадааст, ки интихоботи президентии 6 ноябр бори дигар муайян сохт, ки дар ҳокимияти имрӯза иродаи сиёсии баргузор кардани як интихоботи шаффофу озод вуҷуд надорад.
Шӯрои мазкур мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон медонист, ки дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динӣ муваффақ нашудасту боварии мардумро аз даст додааст, ва аз ин рӯ, баргузории як интихоботи нисбатан озодро ба нафъи худ надонист: “Бо роҳандозии иқдомҳои ғайри қонунӣ, заминаро аз қабл барои баргузории як интихоботи берақобат ва ғайришаффоф омода сохт.”
Шӯрои сиёсии ҲНИТ илова намудааст, ки ҳар чанд баргузории интихоботи ғайридемократию ношаффоф як ноумедиеро миёни мардум ба вуҷуд овардааст, вале ҳукумати нави Тоҷикистон ҳанӯз ҳам барои ба даст овардани эътимоду боварии мардум фурсат дорад, агар барномаи ислоҳотии зеринро иҷро намояд:
- Ҷалб намудани кадрҳои ҷавонтари технократ ва додани салоҳиятҳои бештар ба Сарвазир ва аъзои ҳукумат;
- Ташкили комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ барои омода кардани консепсияи ислоҳоти конститутсонӣ дар кишвар;
- Омода кардани фазои муносиб барои интихоботи озоду шаффофи парлумонӣ дар 2015;
- Даст кашидан аз фишору таъқиб нисбати ҳизбҳо ва шахсиятхои мухолиф;
- Қатъ кардани ҳамаи паравандаҳо нисбати афроди дигарандеш;
- Даст кашидани президент аз узвияти ҳизби сиёсӣ дар давраи фаъолияташ, ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандон;
- Қатъ намудани таблиғот алайҳи қишри руҳонияти кишвар ва даст кашидан аз истифодаи иттиҳодияҳои динӣ бо ғаразҳои сиёсӣ;
- Баргардонидани фазои муколама ва барқарор сохтани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва эҷоди фазои солими рақобат байни андешаҳо ва нерӯҳои сиёсиву иҷтимоъӣ;