82 фоизи фазои интернетии Тоҷикистонро забони русӣ фаро гирифтааст
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳудуди 80 дарсади сомонаҳои интернетӣ бо забони русӣ пахш мешаванд.
Николай Никифоров, вазири коммуникатсия ва алоқаи Русия, зимни як ҳамоиш дар Маскав, гуфтааст, забони русӣ дар фазои интернетии ҷаҳонӣ дуюм буда, аксари корбарони интернет аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ин забон истифода мекунанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии Русия забони русӣ на танҳо дар фазои интернетии Русия балки дар фазои интернетии бисёри кишварҳои дигар низ паҳншудатарин мебошад. Тибқи иттилои манбаъ фарогирии забони русӣ дар фазои интернетии Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳои ҳамсоя баландтар мебошад: “Ҳаҷми фарогирии забони русӣ дар фазои интернетии Узбакистон 79,6 дарсад, Қирғизистон-75,9%, Украина-79%, Тоҷикистон-81,8 дарсад, Қазоқистон-84% ва Белорусия-86,9%-ро ташкил медиҳад.”