Ҳимояти Бобоназарова аз мавқеи Зоиров дар муқобили КМИРТ
Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки аз идомаи сабқат дар интихоботи 6 ноябр маҳрум шуд, мегӯяд, аз мавқеи Раҳматилло Зоиров -- раиси Ҳизби сотсиал-демократ дар муқобили Кумисюни марказии интихобот ҳимоят хоҳад кард.
Оқои Зоиров рӯзи 11 ноябр бо пахши изҳороте интихоботи президентии Тоҷикистонро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури феълӣ анҷомид, баргузорнашуда эълон кард. Вай гуфт, бино ба таҳлил ва далелҳое, ки дар даст дорад, дар ин интихобот камтар аз 33 дарсади афроди қобили раъй иштирок намудаанду бас. Хонум Бобоназарова рӯзи 13 ноябр дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, дар интихоботи президентии Тоҷикистон нақзи зиёди қонун мушоҳида шудааст. “Дар бораи он факту рақаме, ки Раҳматилло Зоиров мегӯяд, мо ҳам хабар дорем, медонем. Барои ҳамин, аз мавқеи ӯ тарафдорӣ мекунем”,-афзуд мусоҳиби мо.
Ойниҳол Бобоназарова дар идома ба суоли он ки чаро худи ӯ дар ин маврид ба додгоҳ муроҷиат накардааст, гуфт: “Муҳим нест, ки ҳамаи мо ба ин мазмун ба додгоҳ муроҷиат кунем. Раҳматилло Зоиров муроҷиат кард, мо дар якҷоягӣ аз ӯ ҳимоят мекунем.”
Озодагон: Чӣ фикр мекунед, баъд аз интихобот фишор болои афроди “гапнодаро” зиёд хоҳад шуд, ё..?
Бобоназарова: “Агар ҳукумат ҳамин тавре ки ҳоло ҳаст, амал кунад, ҳатман болои мо фишору таъсиррасонӣ бештар хоҳад шуд. Ин, албатта, иштибоҳи бузург аст. Ҳукумат бояд бештар дар ғами халқи худ ва беҳбудии зиндагии онҳо бошад, на ин ки аз пайи онҳое шавад, ки ба тарафдории ман имзо гузоштаанд. Агар вазъ чунин идома кунад, ба хубӣ анҷом нахоҳад ёфт.”
Озодагон: Шумо номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ будед. Ҳоло ба чӣ кор машғулед?
Бобоназарова: “Ҳоло мо дар Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон болои хатоҳои худ кор мекунем, ки дар куҷо чӣ гашти нодурусте кардаем. Дар пеш моро интихоботи парлумонӣ (соли 2015) интизор аст. Моро зарур аст, дар бораи таҳияи дурнамо фикр кунем. Ҳоло бояд ба ин кор машғул бошем. Дар асл, ман ба фаъолияти пешинаи худ, яъне ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишварам машғулам.”