Лату кӯб ва халъи силоҳи марзбонони қирғиз аз сӯи узбакҳо
Дар ҷануби Қирғизистон боз як даргирии марзӣ бо Узбакистон ба миён омадааст.
Ба иттилои расонаҳи қирғизӣ, рӯзи 12 ноябр аз тарафи марзбонони Қирғизистон дар вилояти Бодканди ин кишвар як шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми қочоқи пахта боздошт шудааст.
Марзбонони қирғиз мегӯянд, қочоқчии узбак ҳангоми интиқол дар роҳ ба сӯи боздоштгоҳ, ҷониби Узбакистон фирор менамояд, ки онҳо ӯро дубора боздошт кардаанд. Дар натиҷа сокинони марзии Узбакистон ба ҳимоят аз қочоқчии худ бархеста, марзбонони Қирғизистонро лату кӯб ва силоҳҳои эшонро соҳиб шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Токон Мамедов, муовини нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, марзбонони кишварашро на мардуми бумӣ, балки сарбозони Узбакистон зери зарбу шатта қарор додаанд, ки баъд аз гуфтушуниди тӯлонӣ силоҳҳои онҳоро бозпас додаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло вазъият дар ин минтақаи марзии Қирғизистон бо Узбакистон хуб арзёбӣ мешавад. Қирғизистон бо ҳамсояикшвари худ Узбакистон зуд-зуд шоҳиди даргириҳои марзӣ мешавад, ки коршиносон далели аслии онро аломатгузорӣ нашудани хати марзи ду кишвар медонанд.