Сабти заминҷунбии нави 5-балла: Мақомот мегӯянд, хисороте нест
Хадамоти геофизикии Тоҷикистон шаби 12 ба 13-уми ноябр, соати 21:30 дақиқа як заминҷунбии 5 баллаи дигарро сабт кардааст, ки дар ҷануби кишвар рух додааст.
Аз хадамоти мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, ки шиддати заминҷунбӣ дар маркази он-130 километрии ҷанубу ғарби Душанбе, 25 км дуртар аз шаҳраки Шаҳритус 5 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар будааст. Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар мегӯяд, дар пайи ин заминларза ҳеч хисороти моливу ҷонӣ рух надодааст.
Ин чорумин ҳолати заминҷунбӣ аст, ки дар Тоҷикистон дар 3 рӯзи ахир рух дод.