Таъхири хулосаи додгоҳ дар бораи Тӯраҷонзода, Ошӯро ва се рӯҳонӣ
Додгоҳи вилояти Суғд дар мавриди баҳси миёни Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва се рӯҳонии шимоли кишвар оид ба баргузории рӯзи “Ошӯро” ба натиҷае нарасидааст. Оқои Тӯраҷонзода тобистони соли ҷорӣ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки даъвои ӯро алайҳи се уламои Суғд ва хабарнигори шабакаии давлатии “ТВ Суғд” рад карда буд, ба додгоҳи ин вилоят шикояти кассатсионӣ бурд.
Интизор мерафт, додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 12 ноябр шикояти кассатсионии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро баррасӣ карда, бо берун шудани додрас аз хонаи машваратӣ ба ин баҳс нуқта гузошта шавад. Вале Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Тӯраҷонзода, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додрас баъд аз хонаи машваратӣ баромадан, гуфтааст, коллегияи додгоҳии парвандаҳои шаҳрвандӣ ба натиҷае нарасидаанд, чун дар ин бобат ба як санад ниёз доранд. Хонум Воҳидова мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ, ин санаде, ки додрас гуфтааст, ҳамон қарори раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи баргузории рӯзи Ошӯро мебошад. Ин баҳс рӯзи панҷшанбеи 14 ноябр идома хоҳад кард.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик, як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара, Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ва Тоҳир Искандарзода - хабарнигори шабакаи давлатии “ТВ Суғд” ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд.
Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд. Аммо Додгоҳи шаҳри Хуҷанд бо радди ин даъво гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.