Даъвати наваскарон: 95%-и нақша иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ то имрӯз, 13-уми ноябр, 95% иҷро шудааст.
Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои кишвар, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар 4 навоҳии пойтахт-89%, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ-90% ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон 95%-и нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро гардидааст: “Дар Бадахшон, ба истиснои ноҳияи Ишкошим нақшаи даъвати наваскарон ба пуррагӣ иҷро шудааст.” Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд низ беш аз 90% нақша иҷро гардидааст.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома меёбад. Фариддун Маҳмадалиев иброз дошт, ки ин навбат низ нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат ба анҷом хоҳад расид.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштани хизмат ва ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.