АКС: Муаррифии имконоти таҳсил дар маркази Исмоилия
Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, 12-уми ноябр, ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз ёфт, ки дар доираи он барои сокинони Тоҷикистон имконоти таҳсил дар хориҷа муаррифӣ мешаванд.
Абдусаттор Одинаев, мудири бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмиллалии Вазорати маорифи Тоҷикистон бо зикри афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба таҳсил дар хориҷа, таъкид намуд, ки танҳо соли ҷорӣ тавасути барномаҳои гуногуни ташкилотҳои хориҷӣ 500 донишҷӯи тоҷик ба хориҷи кишвар фиристода шудааст: “Айни ҳол танҳо дар Амрико 640 донишҷӯи тоҷик бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.”
Абдусаттор Одинаев афзуд, ки “бештари донишҷуёни мо соҳаи техникиро интихоб мекунанд. Аз миёни кишварҳо бештар Амрико ва баъдан Олмону Фаронсаро ҷудо мекунанд. Дар давлатҳои ИДМ бошад мо квота дорем. Имсол тибқи квота 2300 нафар донишҷӯ ба кишварҳи ИДМ фиристода шуд”.
Дар намоишгоҳ созмонҳои ёрирасон барои таҳсил дар хориҷа, аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Айрекс (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Темпус (Tempus), Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) иштирок карда, ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намудаанд.
Сюзан Эллиотт сафири ИМА дар Душанбе, ки дар намоишгоҳ иштирок дошт, аз баргузории ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ истиқбол карда, гуфт, “барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд”.