Ғасби ошкорои мошину телефони гаронарзиш дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Азизов Бахтовар-и 18-соларо, ки қаблан суд шудааст, дар ғорати ошкорои як сокини 17-солаи Душанбе муттаҳам мекунад.
Ба иттилои манбаъ қаблан ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Рустамов Лутфулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, арз доштааст, ки шаҳрвандон Азизов Бахтовар Муҳаммадназарович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки пеш суд шудааст, бо ҳамроҳии рафиқонаш Муҳаммад ва Алиҷон рўзи 7-уми августи соли равон бо тариқи маҷбурӣ ва ошкоро аз кисаи шимаш як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 600 доллари амрикоӣ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 300 доллари амрикоиашро тасарруф намуда, автомашинаи шахсиаш тамғаи «Тойота-Королла»-ро, ки арзишаш 8000 доллари амрикоӣ мебошад, гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба иттилои ВКД ҳамчунин, рўзи дигар, номбурдагон дар кўчаи Маяковскийи пойтахт аз ҷабрдида бо тариқи зӯроварӣ боз 570 сомониашро тасарруф намудаанд.
Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, айни ҳол бо гумони ғоратгарӣ шаҳрванд Азизов Бахтовар Муҳаммадназарович дастгир карда шуд: “Барои муайян ва дастгир намудани Муҳаммад ва Алиҷон ном шахсон чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”