Гуруҳи вукалои дӯстӣ бо Тоҷикистон бо шароити зисти қирғизҳои Афғонистон ошно мешаванд
Гуруҳи вакилони дӯстӣ бо Тоҷикистон мехоҳанд, бо шароити зиндагонии қирғизҳое, ки дар Помири Бузург ва Хӯрди Афғонистон ба сар мебаранд, ошно шаванд.
Дар ҷаласаи рӯзи 13 ноябри Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон Мирлан Бокиров, яке аз аъзои ин гуруҳ дар мавриди боздид аз Помир сухан гуфтааст.
Ба иттилои ӯ ҳамватанонаш дар баландии 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар шароити хеле сангин ба сар мебаранд ва ба муассисаҳои тиббӣ дастрасӣ надоранд. Онҳо хоҳиш кардаанд, имкони ба Қирғизистон кӯч бастани онҳо фароҳам шавад.
“Бояд ин масъала баррасӣ гардад. Онҳо бо шиносномаҳо ва ташхиси тиббӣ таъмин шаванд”,-гуфтааст ин вакили парлумон.
Гуфта мешавад, гуруҳи вакилони дӯстӣ бо Тоҷикистон моҳи декабр аз Помири Бузург ва Хӯрд дидан мекунад.