Нобоварӣ барои ташхиси мунсифонаи мақолаи Тутубалина
Интизор меравад имрӯз, 13 ноябр, дар мурофиаи додгоҳии зиёиён алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи "Азия-Плюс" додраси парванда қарорро дар мавриди гузарондани ташхиси лингвистикӣ эълон кунад. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Иноят Иноятов, вакили мудофеи Олга Тутубалина, хабар дод.
Зиёиён талаб доранд, ташхиси лингвистикии матлаби Тутубалина, “Неинтеллегентно об интеллегенции”, ки боиси ин баҳси додгоҳӣ шудааст, ҳар чӣ зудтар гузаронда шавад. Рустам Устобоев, намояндаи зиёиён дар мурофиаи рӯзи 12 ноябр дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, танҳо мехоҳанд, ташхиси лингвистикӣ мунсифона ва мустақилона гузаронда шавад.
Аммо ҷониби дифои Тутубалина дар мунсифонаю мустақилона гузарондани ташхиси лингвистикии матлаб дар дохили Тоҷикистон шубҳа дорад. Иноят Иноятов мегӯяд, дар дохили Тоҷикистон танҳо ду ниҳод -- Кумитаи забон ва истилоҳот ва Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ташхиси лингвистикӣ мегузаронанд, ки ҳардуяшон то ҷое ба Акдемияи улум алоқа доранд. Дар ҳоле ки Академияи улум яке аз даъвогарон аст, Иноят Иноятов пешниҳод дорад, ташхиси лингвистикӣ дар хориҷи Тоҷикистон гузаронда шавад.
Ин пешниҳоди ҷониби Тутубалинаро намояндагони зиёиён танҳо баҳона барои ба дарозо кашидани мурофиаи додгоҳӣ арзёбӣ мекунанд. Интизор меравад, қарори додгоҳ дар мавриди замону макони гузарондани ташхиси лингвистикӣ 13 ноябр содир шавад.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, 200 ҳазор сомонӣ ҷуброн ва маъзаратхоҳии расмиро талаб доранд.
Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.