“Зидди ПАШША не, зидди МУҲИТи пашшасоз мубориза барем”
Зафари СӮФӢ
Чандест рӯзаи сукут гирифта будам. Албатта, ин рӯза фақат ба навиштаҳои насрии ман дахл дошт. Дар ин миён чанд шеъргунае иншо шуд. Ҳоло, агар таҳрики бархе набуд, шояд муддати рӯзаи сукути ман ҳам чанд рӯз ё чанд моҳи дигар идома мекард.
Ростӣ, дилам ба навиштаҳову нависандаҳо месӯхту месӯзад. Ҳатман ҳар кадоми Шумо ҳикмати "фарёд дар гӯши бод"-ро шунидаед. Вақте навиштаҳоят ҳеч асаре надорад ва баръакс бод бештар садо мекунаду овозатро ношунавотар мегардонад, магар мантиқист, ки боз садо бикунӣ? Бигзарем, ки имрӯз рӯзаи сукут мешиканам ва ҳар чи бодо бод!
Як дӯсти донишманд рӯзе аз ман пурсид, ки медонӣ чаро дар кишварҳои пешрафта пашша нест? Гуфтам: шояд тавонистаанд алайҳаш муборизаи босамар роҳ андозанд. Гуфт: на, онҳо бар зидди пашша не, балки алайҳи муҳити пашшасоз мубориза бурдаанду мебаранд. Чанд рӯз аст, ки ин сӯҳбат дар сарам ҳай мечархаду мечархад. Воқеан, ҳашара, амсоли пашшаву суск (таракан), кайку шабуш, малах ва ҳамчунин мушу каламуш бештар зодаи муҳите ҳастанд, ки ҳашарапарвар бошад. Онҳое, ки синнашон аз бисту панҷ ба болост, ҳатман ёд доранд, ки дар Душанбеи баъд аз ҷанги бародаркушӣ мушу каламуш ва пашша чи қадар зиёд шуда буд. Ҳар касе дар бораи ҳашара маълумоти ибтидоӣ гирифта бошад, медонад, ки ҳашара фақат дар муҳити чирку ганду ифлосӣ пайдо мешаваду рушд мекунад.
Ҳашарашиносон роҳи беҳтарин ва муассиртарини мубориза ва нобуд кардани ҳашараро дар пок кардани муҳит медонанд. Яъне бояд муҳите ба вуҷуд овард, ки барои зиндагии инсонҳои озода созгор ва барои рушди ҳашара носозгор бошад. Ҳоло шояд пеши худ суол бикунед, ки чаро аз ҳашараву ҳашарашиносӣ сухан мегӯям?
Агар аз дидгоҳи ақл бингарем, муҳити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ бар мабнои ҳамин қоида ё мантиқ шакл гирифтаву мегирад. Дар ин муҳит ҳам агар таваҷҷӯҳи лозим нашавад мушу каламуш ва пашшаву суску малах пайдо мешавад, рушд мекунад ва ҳатто дар хеле маврид фармонравои пирӯзи ин муҳит мегардад. Аз назари шахсе чун ман, ки бо СУХАН сари кор дорад ва СУХАН яке аз муқаддасоташ маҳсуб мешавад, дар муҳити рӯзноманигорӣ низ барои худ ҷои пой боз кардани ҳашараҳо сахт дардноку риққатовар аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ доранд рӯз аз рӯз ҳашараҳо зиёд мешаванд ва ину онро неш мезананду мегазанд. Агар ҳашара олудаи беморие набошад ба худии худ наметавонад инсонро гирифтор кунад ва ё бикушад.
Аммо барои амалҳои маъмулӣ ва рӯзмараи инсон ҳатман халал мерасонад ва ин ҷост, ки ақл тақозо мекунад то муборизаро алайҳи ин халалрасонҳо оғоз бикунӣ. Бархе муборизаро ба шакли қадимӣ алайҳи ҳашара шурӯъ мекунанд ва шояд муваффақ бишаванд, ки бархе ҳашараи заифро аз муҳит хориҷ намоянд. Аммо амали дуруст ин аст, ки бояд алайҳи муҳити ҳашарасоз мубориза кард. Бояд бипазирем ва аз ин дидгоҳ барномаи амалҳоямонро тарҳрезӣ кунем, ки ҳашара муҳити ифлос ва чиркину бӯгинро мепарастад ва ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад муҳит тағйир бикунад.
Тағйири муҳити ҳашарасоз маънои марги ҳашараҳоро дорад. Агар аъмоли ҳашара бар мабнои ақлу мантиқ ҳам набошад, ғаризаи табиии худҳифозат онҳоро водор ба он мекунад бикӯшанд, ки муҳити ҳашарасоз ҳифз шавад.
Ҳеч инсони боақл раво намедорад, ки муҳити атрофаш ҳашарасоз бошад. Агар дар баробари виз-виз ва таку дави ҳашараҳо сукут мекунад, ин нишони ризоият аз он вазъ нест, балки ҳатман дар фикри мубориза аст. Ҳоло чунон ки зикраш рафт, яке бар алайҳи ҳашара мубориза мебараду дигарӣ дар фикри пок кардани муҳити ҳашарасоз мешавад. Дар ин миён муҳимтарин нукта он аст, ки ҳеч гоҳ ҳашара комилан муҳитро дар тасарруфи худ наметавонад дарбиёрад. Бузургии инсон дар он аст, ки соҳиби хирад аст ва хирад бо чирку ганду олудагӣ ҳеч гоҳ созгор набудаву нахоҳад буд.