ВИДЕО: Кумак ба осебдидагони заминҷунбӣ дар Ваҳдат
Комиссияи ҳукуматӣ, ки барои ироаи кӯмак ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияи Ваҳдат созмон ёфтааст, ба сифати ёрии аввалия ба оилаҳои зарардида 7т 500кг -орд, 3т 750кг - шакар, 3т 750кг - биринҷ, 1т 500 кг - макарон, 1т 500 л - равған, 110 адад -хайма ва 110 адад – бухорӣ ҷудо намудааст.
Инчунин дар ҷаласаи ахири комиссияи ҳукуматӣ, ки 12-уми ноябр баргузор шудааст, Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, бо назардошти наздикшавии зимистон дастур додааст, ки корҳои барқарорсозӣ дар ҷои ҳодиса ҳар чӣ зудтар оғоз ёбанд.
Заминҷунбии харобиовар 10-уми ноябр рух дод, ки дар пайи он наздики 400 хона дар деҳоти ноҳияи Ваҳдат вайрон шуданд.