Марзбонҳо аз кочоқи 200 кило шакар ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд
Як шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми талоши ба қаламрави Тоҷикистон интиқол додани 200 кило шакар боздошт шудааст.
Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ин мардро сарҳадбонҳо дар қисми марзбонии Боткент боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҷустуҷӯ аз дохили мошини “Мерседес Гигант”-и ӯ наздики 3 тона равғани пахта ва беш аз 200 кило шакар ёфт шудааст, ки мехост ба Тоҷикистон интиқол диҳад.