ВИДЕО: Даъвати Қувватов барои кӯмак ба зарардидагони заминҷунбӣ
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гуруҳи 24”, имрӯз, 12-уми ноябр, бо пахши як навори видеоӣ аз мардуми Тоҷикистон даъват намудааст, ки танҳо ба умеди ҳукумат нашуда, дар ин рӯз ҳар кас ба қадри тавоноӣ ба зарардидагони заминҷунбӣ дар Ваҳдат кӯмак кунанд. Ӯ мегӯяд, таҷриба нишон медиҳад, ки ҳукумат дар чунин рӯзҳо он қадар кӯмаки зиёд расонда наметавонад ва бинобар ин аз мардум хостааст, дар ироаи кӯмак ба зарардидагон фаъол бошанд.
Заминҷунбии харобиовар дар Ваҳдат субҳи 10-уми ноябр рух дода, наздики 400 хонаро хароб кардааст.