7 назар: Сарқонун бояд ҳаққи раёсати як нафарро маҳдудтар кунад
“Озодагон”, дар пасманзари таҷлили Рӯзи Сарқонун, ки 6-уми ноябр, баргузор гардид, суол гузошт, ки оё Сарқонуни Тоҷикистон ба тағйирот ниёз дорад?
Исмоил Талбаков, номзад ба вазифаи президентӣ аз ҲКТ
Чизҳое, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳастанд, вобаста ба раванди ҷомеа албатта такмил мехоҳанд ва агар зарур шавад ба он ислоҳот ворид мекунанд. Ин ягон догма нест.
Абдуллоҳ Нуров, мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲҲДТ
Конститутсия қонуни асосии давлат асту дар вақти муайян қабул мешавад ва бо мурури замон ба он тағйиру иловаҳо ворид мегардад. Ба хотири онки муносибатҳои ҷамъиятӣ рушд мекунанд ва таҳким бахшидани асосҳои сохти давлатӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамин ворид намудани тағиру иловаҳоро тақозо мекунад. Конститутсияе, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунад, ҷавобгўи талабот мебошад. Вале хоҳ нохоҳ вақте низоми ҳуқуқӣ мукаммал мешаваду муносибатҳои нави ҷамъиятӣ пайдо мешавад, зарурати ворид намудани тағиру иловаҳоро дар ин ё он шакл бавуҷуд меорад. Феълан зарурати ворид кардани тағирот дар конститутсияи Тоҷикистон дида намешавад. Вале чун муносибатҳои ҷамъиятӣ дигар мешаванд, шояд ворид намудани тағирот баъди 2 сол ба вуҷуд ояд.
Маҳдии Собир, корманди МТС
Сарқонуни мо ба ислоҳот ниёз дорад. Манзурам он тағйиротҳоест, ки барои манфиат ва сохтани миллат, барои пешбурди ҷомеа ва барои ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳим аст. Вобаста ба тараққиёти ҷомеа ба қонунҳо бояд тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Абдулфаттоҳ Шафиев, журналист
Сарқонунро намедонам. Вале минталитети ин мардум ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад. Яке аз муҳимтаринҳо ҳам тағйири нигоҳи ҳама - чӣ мардуми одӣ ва чӣ зимомдорон ба баробарии ҳама дар назди қонун мебошад. Мутаассифона, то ҳол мебинем, ки ҳатто қишрҳои одитарини ҷомеа низ бархӯрди дугонаи иҷрогарони қонун ба афроди мухталифро амале одӣ ва маъмулӣ мешуморанд ва ба ҳамин гуна буданаш ҳам одат кардаанд. Бояд мардум дарк кунад, ки давлат ва давлатдорон хидматгори мардуманд ва барои ин хидматашон аз кисаи мардум (андозҳо) ҳаққи хидмат (маош) мегиранд. Ва агар давлатдоре бо маоши 500 сомонӣ дар Лексус мегардад, пас ин амре номақбул ва боиси ҷустуҷӯст, на шоистаи таҳсину ҳавас.
Маҳмадалӣ Ватанов, вакили парлумон
Ин як масъалаи бисёр мураккаб аст. Аз ин рӯ яку якбора ба ин савол ҷавоб додан душвор мебошад. Агар гўем, ки дорад пас кадомаш? Барои ин таҳили ҷиддӣ лозим аст. Ҳастанд баъзе масоиле, ки дар асоси онҳо сухан гуфтан мумкин аст, вале то кадом андоза мо барои ислоҳоти конститутсионӣ имконият дорем, ин саволи дигар аст.
Ашурбой Имомов, собиқ раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тоҷикистон
Конститутсияи мо ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад, аммо инки дар кадом масъалаҳо, инро аввал бояд муҳокима кард.
Ҷамшед Қодиров, шаҳрванди Тоҷикистон
Фикр мекунам, ки ниёз дорад. Нуктае ки бозбинӣ бояд шавад, ба назари ман, давраҳои раёсати як нафар аст. Ду давраи охири ҳафтсолаи Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки мо бояд мисли аксари кишварҳои дигар бо ду давраи 4 ё 5-сола иктифо кунем. Вале на ба ин маъно, ки ин тағйирот ба Эмомалӣ Раҳмон баъди соли 2020 ҳаққи боз ду давраи дигари панҷсола ё чорсолаи раёсат диҳад.