АКС: Тоҷирони эронӣ мегӯянд, марзбонҳои узбак маҳсулоташонро шикастаанд
Нилуфари КАРИММақомоти Узбакистон бисёре аз маҳсулоти тоҷирони эрониро, ки барои намоишгоҳи байналмилалӣ ба Душанбе равона будаанд, мусодира ё зимни тафтиш шикастаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон”, худи тоҷирони эронӣ хабар доданд, ки айни ҳол барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе қарор доранд.
Ҳушанги Тоҷик, намояндаи корхонаи пластикии “Тоҷик”, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ки ҳар маротибае, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти ширкати худро меорад, дар роҳ бо сарҳадбонони Узбакистон мушкиле ба вуҷуд меояд: “Бори моро холӣ мекунанд, мешикананд ва бисёреро бо ҳар баҳона мусодира мекунанд. Тақрибан 20 миллион туман, пули эронӣ (7 ҳазор доллар) зарар дидем. Агар ягон роҳе бо Афғонистон мешуд, кори мо хеле осон мебуд, чун бо Узбакистон хеле мушкиле ба сарамон меояд. Агар Узбакистон монеа нашавад, моли Эрон дар Тоҷикистон харидори зиёд дорад. Ба хотире, ки бо Узбакистон мушкили зиёде дорем ҷуръат намекунем маҳсулоти бештаре ба Тоҷикистон биёрем”.
Муҳаммади Умронӣ, масъули баргузории намоишгоҳ , дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки монеаэҷодкуниҳои Узбакистон боис шуд, ки молашонро каме дертар ба Тоҷикистон дастрас намоянд ва дар натиҷа натавонистанд, маҳсулоташонро саривақт ҷобаҷогузорӣ намоянд.
Намоишгоҳ-ярмаркаи баналмиллалӣ бо иштироки ширкатҳои Тоҷикистону Эрон, имрӯз 12-уми ноябр шурӯъ шуда то 16-уми ноябр идома дорад. Дар намоишгоҳи мазкур таҷҳизоти техникӣ, маҳсулоти пластикӣ, ғизо ва дигар навъи маҳсулот пешкаши мардум гардидаанд.