Боздошти 12 зани узбак ба иттиҳоми танфурӯшӣ
Беш аз 10 шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми танфурӯшӣ дар Қазоқистон боздошт шудаанд.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, мақомоти қудратии Қазоқистон шоми 11 ноябри соли ҷорӣ дар пайи як амалиёт дар бархе аз марокизи тафреҳии ин кишвар 24 шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд.
Манбаъ мегӯяд, аз ин нишондод, 12 нафар шаҳрванди Узбакистон, 9 нафар аз Қирғизистон, 1 нафар Озарбойҷон ва 2 нафар аз Гурҷистон мебошанд.
Пулиси Қазоқистон мегӯяд, шаҳрвандони Қирғизистон ва Узбакистон дар танфурӯшӣ муттаҳам мешаванд. Вале атбои кишварҳои дигар ба хотири нақзи қонуни буду бош дар Қазоқистон боздошт шуда, баъд аз омода шудани ҳуҷҷатҳо ба ватанашон истирдод хоҳанд шуд.