23 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ курси вижаи криминалистиро хатм карданд
Сафири ИМА 23 корманди вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси таълимии «Озмоиши криминалистии ҷойи амалҳои террористӣ» табрик намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс зимни суханрониаш гуфт, ИМА муносибатҳои феълии худро бо ҳукумати Тоҷикистон тақвият дода, ҳамкориашро идома медиҳад. Гросс афзуд, «Озмоиши криминалистӣ ин пойсутуни тафтишоти ҳар як ҷойи амали террористӣ ва хусусияти муҳими муборизаи ҳукумати Тоҷикистон зидди терроризм мебошад. Афсарони хати пеши милитсия бояд тафтишоти ҷойи амалро барои боздошт ва таъқиби қонунии шахсони айбдорро бо маҳорати касбӣ иҷро кунанд».
Гуфтанист, курси озмоиши криминалистии ҷойи амали террористӣ соли 2011 ин сеюмин барномаи кӯмакдиҳӣ ба мубориза зидди терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст. Аз соли 2002 беш аз 440 кормандони ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзишие ширкат варзиданд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд.{jathumbnail off}