Муҳофизи собиқ домоди президентро ба ватан меоранд
Яке аз додгоҳҳоии Испания ба қароре омадааст, ки Александр Павлов, собиқ муҳофизи Мухтор Аблязов ба ватанаш-Қазоқистон истирдод карда шавад.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Павлов дар Қазоқистон дар дуздӣ ва терроризм муттаҳам мешавад. Мақомоти қудратии қазоқ мегӯянд, Александр Павлов баҳори соли 2012 мехост, яку якбора дар чаҳор навоҳии шаҳри Алма-Ато, бахусус дар яке аз боғҳои фароғатии машҳури ин минтақа таркиш ба вуҷуд орад.
Ба гуфтаи онҳо, ба иҷрокунандагони ин ҳамла ба маблағи 25 ҳазор долларӣ аз сӯи Павлов пардохт шудааст, ки дар рӯзи ин ҳодиса яке аз онҳо ба пулис таслим шуда, ҳамаро иқрор мекунад.
Худи Мухтор Аблязов, бонкдор ва собиқ домоди Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи 31-уми июли соли ҷорӣ дар ҷануби Фаронса аз тарафи мақомоти пулиси ин кишвар боздошт гардида буд. Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.