Қадами аввали “РусАЛ” барои ифшои “асрор”-и ТАЛКО
"Albaco", зерширкати “РусАЛ”, барои муфлис эълон кардани ширкати “CDH Investments Corp”, яке аз собиқ шарикони корхонаи алюминийи тоҷик-“ТАЛКО”, ба додгоҳ муроҷиат намуда, ният дорад, ширкату суратҳисобҳои офшории марбут ба “ТАЛКО”-ро низ ифшо кунад.
РусАЛ, яке аз ширкатҳои бузурги тавлидкунандаи алюминий дар ҷаҳон, бо пахши иттилоияе гуфт, қаблан Додгоҳи олии Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ба нафъи зерширкати РусАЛ - "Albaco" қарор бароварда, ҳукм кардааст, ки корпоратсияи сармоягузории СDH, барои нақзи қарордод зимни интиқоли хокаи алюминий 70 миллион доллар ҷуброн пардозад. РусАЛ меафзояд, ки ширкати CDH, шарики Талко, иҷрои ин қарори додгоҳро ба таъхир андохтааст.
Ин ширкати русиягӣ бо зикри иҷро нашудани ҳукми додгоҳ аз роҳи дигар истифода карда, барои муфлис ё варшикаста эълон кардани корпоратсияи сармоягузории СDH, ки дар ҷазираҳои Вирҷиния сабт шудааст, ба додгоҳи ин ҷазираҳо муроҷиат намудааст. РусАЛ мегӯяд, тибқи талаботи эълони варшикастагӣ додгоҳ бояд рӯйхати суратҳисобҳо ва интиқоли пулии ин ширкатро ифшо намояд.
Дар ин миён РусАЛ таъкид мекунад, “мо интизор дорем, бисёре аз корхонаю суратҳисобҳои офшории марбут ба Талко ошкор хоҳанд шуд.”
Аммо Талко ин изҳороти РусАЛро иғво ва ҳуҷуми иттилоотӣ гуфта, таъкид кардааст, чанд сол боз бо CDH ҳамкорӣ накардааст. CDH низ чун "Albaco", зерширкати РусАЛ, дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст.
Аммо масъулини РусАЛ мегӯянд, муассисони “CDH Investments Corp” ҳамоне нишон дода шудааст, ки дар Тоҷикистон низ ширкат дорад.