Дари марказҳои омӯзишии шахсӣ баста шуд
Дар Ашқобод фаъолияти тамоми марокизи омӯзишии шахсӣ, ки дар онҳо кудакони то сини мактабӣ тарбия меёбанд, манъ карда шуд.
Ба иттилои расонаи “Ахбори туркман”, ин иқдом бо дастури Вазорати маорифи Туркманистон сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин марказҳои омӯзишӣ кудакони аз се то 6-сола барои рафтан ба мактаб бар ивази пардохти аз 150 то 210 доллари амрикоӣ омода карда мешуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки падару модарони кӯдакони ин омӯзишгоҳҳо аз муносибат ва сатҳи фаъолияти ин таълимгоҳҳо розӣ буданд. Барои кӯдакони то сини мактабӣ дар ин марокиз аз мавзуҳои риёзиёт, забони туркманӣ, хониш, навиштан, ошноӣ бо муҳити зист, дарси ҳунар ва наққошӣ, мусиқӣ, тарбияти бадан дарс гуфта мешуд.