Ҳушдори Зоиров ба КМИР ва Суди Олӣ: Ба баҳсҳо омода бошед!
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо пахши як изҳорот интихоботи 6-уми ноябрро, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷомид, баргузорнашуда эълон намуд.
Раҳматилло Зоиров мегӯяд, таҳлили дақиқи омори воқеӣ ва шароити баргузории интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, натиҷаи назорати интихобот чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоботи президентии 6-уми ноябри соли 2013 баргузор нашуд.
Раиси ҲСДТ муътақид аст, ки дар интихоботи президентии ахир, камтар аз 33%-и овоздиҳандагон иштирок намуданд: “Ин дар ҳоле, ки агар ин нишондод ба 50%-и овоздиҳандагони дохили кишвар баробар бошад, шумораи овоздодагон дар берун аз Тоҷикистон 5%-ро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи қисми якуми моддаи 66 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштироки беш аз нисфи интихобкунандагонро талаб мекунад, интихоботи президентӣ баргузор нашуданд.”
Зоиров ният дорад, бо дастрасии тамоми омору аснод нисбат ба қарори Комиссияи инихобот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод намояд: “Мо тамоми далелҳо, шаҳодатҳо ва маводи дигарро ба Суди Олии кишвар ҳозир мекунем. Ҳамзамон ман комилан огоҳ ҳастам, ки Суди Олӣ чӣ қароре қабул хоҳад кард. Вале бо вуҷуди ин, ҲСДТ аз қарори КМИР ба суди Олӣ даъво мебарад, то ин ки моҳият ва табиати ҳокимияти судии Тоҷикистонро ба таври равшан нишон диҳад. Бинобарин мо ба КМИР ҶТ ва Суди Олии Тоҷикистон имкон медиҳем, то хуб омодагӣ бинанд, то бо қарори шармовари навбатиашон худро расво накунанд!”.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоботи президентии 6-уми ноябрро баргузоршуда эълон намуда, таъкид дорад, ки дар он беш аз 86 дарсади интихобкунандагон ширкат намуда, 83,6 дарсади овозҳоро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ соҳиб шудааст.