Аз “шустушӯ”-и Сомонӣ то насби лавҳаҳо: Омодагӣ ба қасамхӯрӣ? (АКС)
Шаҳри Душанбе барои баргузории маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон, омодагӣ мегирад.
Рӯзи 11 ноябр дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои Душанбе барқарорсозии чароғҳову насби лавҳаҳо ва “шустушӯ”-и муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мушоҳида гардид, ки ин ҳама бозгӯи омодагии масъулини пойтахт ба маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Эҳтимол меравад, ин маросим аз чорабиниҳои гузашта камие нахоҳад дошт.
Маросими савганд ёд намудани Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун чорабинии ба иҷрои вазифа шурӯъ кардани раисиҷумҳури нави Тоҷикистон ишора мекунад, бори охир 18 ноябри соли 2006 дар Кохи “Сомон”-и бӯстонсарои ҳукумати кишвар баргузор шуда буд. Дар ин чорабинӣ баъд аз супоридани нишони президент ба Эмолмалӣ Раҳмон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Баъд аз ин, Эмомалӣ Раҳмон даст рӯи Сарқонун ё худ Конситутсияи Тоҷикистон гузошта қасам ёд карду чанд қадам қафо рафта, бо нимтаъзим парчами давлатии кишварро бӯса намуд. Сипас, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи президенти Тоҷикистонро тақдим кард.
Баъд аз ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мошини болокушода хамроҳи эскорти мотосиклҳо ба хиёбони Рудакӣ баромад ва дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Омодагӣ ба маросими савгандёкунии Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе: