Боздошти ду сокини Душанбе ба иттиҳоми куштор
Ду сокини шаҳри Душанбе дар он муттаҳам мешаванд, ки шаби 8-уми ноябр Назаров Таваралӣ, сокини пойтахтро ваҳшиёна қатл карда, дар миёни роҳи мошингузар дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт партофтаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҷасади шаҳрванд Назаров Таваралӣ бо ҳафт изи зарбаи корд, дар қисмати рӯй ва паҳлӯи гардан дарёфт шуд. Ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун гумонбар, сокинони шаҳри Душанбе--Салимов Шералӣ Сангалиевич, соли таваллудаш 1978 ва Маҳмадалиев Шамсиддин Шералиевич, соли таваллудаш 1986 боздошт шудаанд, ки дуюмӣ пештар ҳам суд шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, куштори шаҳрванд Назаров Таваралӣ тахминан соатҳои 21:00 аз сабаби хусумати шахсӣ содир шудааст: “Далели шайъӣ - як адад корди хоҷагӣ гирифта шуд. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.”