Эълони ҷоиза барои маълумот дар бораи Баракаев
Дар шаҳри Душанбе, як нафақахӯр, ду ҳафта қабл барои гирифтани маблағи бознишастагияш аз хона берун рафта, ғайб задааст.
Нодира Изатова, духтари Аслам Баракаев, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, падараш 28-уми октябр барои гирифтани маблағи нафақа рафта, то ҳол барнагаштааст. Ӯ афзуд, ки эълони ғайб задани падарашро бо акс дар кӯчаҳои Душанбе насб карда, аз сокинон хоҳиш дорад, ки агар дар бораи ӯ иттилое доранд, ба рақамҳои 919-27-21-27 ва 919-24-51-36 занг зананд. Наздикони Баракаев ба ивази пайдо кардани падарашон ба дастандаркорон мукофотпулӣ ваъда медиҳанд.
Ин дар ҳолест, дар Тоҷикистон аз аввали сол, хабарҳо дар бораи гум шудани одамон зиёд садо медоданд, ки бисёрашонро кӯдакону ноболиғон ташкил медоданд. Аз ҷумла моҳи марти соли равон дар маркази Душанбе ду кӯдак, Мадина ва Сабина ғайб заданд, ки то ҳол пайдо нашудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои пайдо кардани шахсони гумшуда тамоми чораҳоро андешида истодаанд.