Дубнов дар бораи интихобот ва оппозитсиюни тоҷик
Халил ҚАЮМЗОД
Аркадий Дубнов, журналисти маъруфи рус, ба чанд саволи хабарнигори “Озодагон” ҷавоб дод.
Озодагон: Назари Шумо дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки 6 ноябр баргузор гардиду Шумо низ ҷараёни онро назорат доштед, чӣ гуна аст? Оё ин интихобот аз интихоботҳои гузашта фарқ мекард?
Дубнов: Барои муқоиса кардан азият мекашам. Чаро ки интихоботҳо дар Тоҷикистон бидуни ҳангома ва хушку ором мегузаранд. Ин интихобот мисли интихоботҳои замони Шӯравист, ки ҳама раъй барои “қаноти коммунистон ва бетарафҳо” дода мешуданд. Ин интихоботи бидуни интихобро ба мардум демократитарин интихобот нишон додан мехоҳанд. Ман аз бепарвоии матбуот дар ин давра низ ҳайратзада будам. Дар дигар кишварҳо дар ин давра назди Кумисюни марказии интихобот пур аз садову одам аст, назди ҳавзаҳои интихоботӣ ҳам. Ҳар дақиқа аз он нуқтаҳо хабарҳо пахш мешаванд, нишастҳо баргузор мешаванд. Дар Тоҷикистон ин раванд хеле кам аст, тақрибан ба назар намерасид. Чунин менамуд, ки гӯиё ин кори чандон муҳим нест ва ба он ҳеч эҳтиёҷе ҳам нест. Ин саҳна монанди латифае аст. Аз пикетчӣ (иштирокчии пикет) мепурсанд: “чаро дар коғази дасти Шумо чизе навишта нашудааст?” Пикетчӣ посух мегӯяд: “барои чӣ нависам, бе он ҳам маълум...”
Озодагон: Шумо ба рақамҳои Кумисюни марказии интихобот дар бораи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ва шикасти рақибони ӯ бовар доред?
Дубнов: “Кӣ ба он рақамҳо бовар мекунад? Ин рақамҳо қаблан тарҳрезӣ шуда буданд. Ман дар тӯли чанд рӯзе, ки дар шаҳри Душанбе будам, ҳамаро мушоҳида кардам. Мардум нақл мекарданд, чӣ гуна раъй медоданд. Чӣ гуна онҳо мерафтанд ба раъйдиҳиву медиданд, ки алакай ба ҷои онҳо нафари дигар раъй додааст. Ин рақамҳоро касе тафтиш ҳам намекунад. Ин амал метавонад обрӯи соҳибобрӯён, нозирони интихоботро ҳам коҳиш диҳад. Худи ҳукумат ҳам чандин бор монеи ислоҳи қонуни интихобот шуд, ки номзадҳои дилхоҳ ҳизб тавонанд дар ҳавзаҳои интихоботӣ ширкат кунанд ва ҷараёни онро мушоҳида намоянд. Агар интихобот, воқеан, ба тарзи шаффофу демократӣ баргузор мешуд, кӣ медонист, шояд Раҳмон аз ин ҳам бештар раъйи мардумро соҳибӣ мекард.”
Озодагон: Дар бораи амалкарди мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар давраи интихобот чӣ мегӯед?
Дубнов: “Ростӣ, намедонам, мухолифини имрӯзаи Тоҷикистон киву чӣ аст. Ҳукумат ҳама корро кард, ки нақши мухолифон дар сиёсати имрӯзаи тоҷик ба сатҳи хеле паст бирасад. Мутаассифона, дар ин кор худи мухолифон ҳам хоставу нахоста мусоидат карданд. Ҳавобаландии пешвоёни мухолифон, нобоварӣ миёни онҳо, ки ҳанӯз бист сол муқаддам оғоз ёфта, то ба имрӯз равнақ меёбад, намегузорад, ки муттаҳид шаванд.”
Озодагон: Дар бораи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чӣ назар доред? Оё он вуҷуд дорад?
Дубнов: “Агар ҷомеаи шаҳрвандӣ мебуд, мо шоҳиди он мешудем, ки мардум алайҳи айбномаҳо бар зидди Зайд Саидов вокуниши зиёд нишон медод. То андозае нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон баъзе аз расонаҳо иҷро мекунанд. Аммо чун онҳо (махсусан телевизион) пурра аз тарафи ҳукумат назорат мешаванд, аз ин хотир чандон нақши муҳиме надоранд. Мутаассифона, ҷои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро зиёиёни тоҷик гирифта наметавонад. Инро ба он хотир гуфтам, ки дидам, чӣ гуна баъзе аз намояндагони қишри зиёӣ обрӯи худро ба нестӣ мебаранд. Қазияи бархӯрди онҳо нисбат ба рӯзноманигоронро дар назар дорам. Инро мушоҳида кардан дарднок аст. Дар Тоҷикистон ҷараёни тақсимбандии қавмӣ дар ҳоли рушдёбист. Шаҳрвандони кишвар, ки ба зӯриву зорӣ зиндагӣ доранд, пойбанди ҳукумат ҳастанд. Ягона умед ба ҷавонон аст. Ҷавоное ҳушёр ва муосир, ки тавонанд аз ҳукумат талаби риояи эҳтиром ва ҳуқуқи ҳамватанони худро бикунанд.”
Муаллифи акс -- Лидия Исамова