Муҳоҷирон ба президент: Сафорат обрӯи миллату давлатро поин бурдааст
Муҳоҷирони узбак дар Русия бо ирсоли як нома ба унвони Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, аз ӯ хостаанд, ба мушкилоташон расидагӣ намояд.
Онҳо дар ин номаи ошкорои худ ба Каримов аз фаъолияти номатлуби Сафорати Узбакистон дар Русия шикоят кардаанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, аксари кормандони сафорат тибқи талабот ва қонун вазифаву масъулити хешро анҷом намедиҳанд.
“Ин раванд вазъи муҳоҷирони кории зубакро дар Русия хеле бад гардонида, обруву манзалат ва эътибори миллату давлати узбак дар ин кишвари бегонаро поин бурдааст. Вазъияти мо дар Русия бо “шарофат”-и сафорат ва амалкарди он ба як бунбаст расидааст.”- омадааст дар номаи муҳоҷирон.
Муҳоҷирони Убакистон гуфтаанд, сафорати кишварашон дар Русия ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳеч гоҳ садо баланд намекунад ва ҳатто талаботи одитарин асноди байналмилалӣро, ки хуруҷ ва вуруди шаҳрвандони Узбакистон осонӣ мебахшад, иҷро намекунанд.