Эълони манъи гаштугузори шабона дар маркази Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, муроҷиати Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистонро қонеъ карда, барои гузаронидани машқи паради ҳарбӣ, ки бахшида ба савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, иҷозат додааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, Убайдуллоев қарор кардааст, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, аз 9 то 16 ноябри соли 2013 ҳамарӯза аз соати 20:00 то 24:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ иҷозат дода шавад.
Убайдуллоев ба мақомоти амнияту умури дохилии Душанбе дастур додааст, ки ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиётро дар мавзеи баргузории машқҳо манъ кунанд ва чораҳои иловагиро ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва иштирокчиёни он дар рӯзҳои баргузории машқҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.
Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 16-уми ноябр дар назар буда, баъди он дар ҳузури ӯ паради ҳарбӣ баргузор хоҳад шуд.