Раҳимов дар Рӯзи милиса аз ҳама ёд карду аз генерал Солеҳов не
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бахшида ба рӯзи милиса, ки 10-уми ноябр, таҷлил мешавад, тамоми кормандони ин соҳаро табрик гуфта, онҳоро барои муборизаи беамон бо дастаҳои муташаккили ҷиноӣ, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷинояткорӣ даъват намуд.
Раҳимов дар паёми табрикотияш мақомоти умури дохилиро, кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат гуфта, илова намудааст, ки “афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.”
Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо зикри қаҳрамониҳои кормандони милисаи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афзуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ аввалин бархӯрд ва зарбаи асосиро кормандони милитсия ба худ қабул намуда, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, роҳ надодан ба бетартибиҳои оммавӣ ва ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тамоми чораҳоро меандешиданд: “Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша зиёда аз 2000 нафар корманди мақомоти умури дохилӣ ҷони худро аз даст доданд.”
Раҳимов номи собиқ вазирони умури дохилии Тоҷикистон, Сайдамир Зуҳуров, Ҳомиддин Шарифов ва Абдураҳим Қаҳҳоровро зикр карда, хизмати онҳоро дар ташкили кор ва фаъолияти минбаъдаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини суботу оромӣ назаррас хондааст: “Имрўз мо ифтихор аз он дорем, ки Котиби Шўрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров, Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, сардори шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президент Абдусаттор Раҷабов, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент Рустам Назаров, Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Лолахон Раҳмонов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Изатулло Шарифов ва сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалоҳ Девонаев дастпарварони Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд.”
Дар миён Рамазон Раҳимов, аз генерал Маҳмадназар Солеҳов, ки моҳи декабри соли 2006 вазири умури дохилӣ таъин шуда буд, зикр накардааст. Солеҳов, ки ба ҳайси додситони кул, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, вазири умури дохилӣ кор карда буд, 29-уми январи соли 2009 аз вазифаи вазири умури дохилӣ бо фармони худи президент ва бо ҳаққи дар ҷои дигаре кор накардан сабукдӯш карда шуд. 17-уми июни соли 2009 Солеҳов ҳангоми амалиёти боздошт худашро дар ҳавлиаш тир зад ва ҷон супурд. Солеҳовро расман барои сӯистифода аз мансаб гунаҳкор донистанд. Мегӯянд, генерал Маҳмадназар Солеҳов танҳо нафаре буд, ки метавонист рӯирост ба президент эътироз кунад.