Суоли хонандаи "Озодагон" аз мақомот дар бораи заминҷунбӣ
Яке аз хонандагони торнамои “Озодагон” бо номи Юсуф дар пайи хабари заминларзаи рӯзи даҳуми ноябр шарҳе навиштааст, ки онро чоп карда, мунтазири посухи мақомот мемонем.
Номаи Юсуф:
“Ман дар маркази ноҳияи Ваҳдат дар маъракае будам. Дар берун дар таҳи долон сӯҳбат мекардем. Замин беҳад сахт ларзид.
Дар лаҳзаи нахуст садое ба монанди таркиш шунида шуд. Сутунҳои оҳанини долон ин сӯ ва он сӯ рафта меомаданд. Хаёл кардем, долон ҳамин лаҳза болои сарамон чаппа мешавад. То ба ҳол ба ин дараҷа заминларзаи шадидро надида будам.
Ҳанӯз солҳои ахири Шӯравӣ зимни яке аз сафарҳои хидматӣ бо афсари баландрутбаи рус ҳамсӯҳбат шудам. Дар рафти сӯҳбат полковники рус гуфт, ки "дар Помири шумо зуд-зуд таркиши ҳаставӣ мегузаронанд (частенько проводят ядерный взрыв). Шумо аз ин хабар доред?" Гуфтам, ки бори аввал мешунавам. Гуфт, "ин далели дақиқ аст". Пас аз ин, ҳар гоҳ заминларза ба вуҷуд меомад, нохост гуфтаҳои ҳамон афсар ба ёдам меомаданд. Имрӯз ҳам ҳамин тавр шуд. Заминларза воқеан ба таркиш монанд буд.
Бо истинод ба гуфтаҳои полковники рус мехостам аз мақомоти расмии Тоҷикистон пурсида шавад, ки оё ҳоло ҳам низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистони мустақил таҳқиқоти ҳаставиро идома медиҳанд, ё на? Зеро вобаста ба ҳаҷми заряд таркиши сахт ҳатман заминларза ба вуҷуд меорад.
Агар заминҷунбиш зарари моддӣ нарасонад ҳам, дақиқан ба бисёре аз ашхоси бемориҳои қалб ва асаб зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ меорад. Масъалаи мазкур бояд аз ҷониби вакилони мардумии Маҷлиси Олӣ таҳқиқ шавад.”