Чанд тавсияи AI ба раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон
Amnesty International ё Созмони Авфи Байналмилал дар гузориши тозаи худ ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон барои фаъолияти ҳафт соли минбаъдааш чанд тавсия додааст.
Гузоришгарони Авфи байналмиллал гуфтаанд, шиканҷа, хушунат ва фишор ба мухолифону марги шаҳрвандони осоишта дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ аз ҷумлаи мушкилот барои раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли оянда мебошад. Авфи Байналмилал мегӯяд, Раҳмонро лозим аст, то барои ҳифзи ҳокимияти худ бо мушкилоти мазкур мубориза бурда, риояи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал бигузорад.
Ба гуфтаи гузоришгарони ин созмон, дар се давраи қаблии Эмомалӣ Раҳмон ҳолатҳои дағалона нақз гардидани ҳуқуқи инсон бе ҷавоб боқӣ монда, ин раванд ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат бояд ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсонро рӯйи даст гирифта, риояи онро дар толорҳои додгоҳ, маъмурияти пулис, мақомоти амният ва дигар ниҳодҳои дахлдори ҳокимияти иҷроия талаб намояд. Чораҳое, ки то имрӯз амалӣ шудаанд, таъсире барои беҳбудии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон надоштаанд. Барои намоиши иродаи сиёсии худ Эмомалӣ Раҳмон бояд тавре амал бикунад, ки пулис ва додрасҳо худро болотар аз қонун нагузошта, меъёрҳои ислоҳотро таҷриба бикунанд”,-афзудаанд онҳо.
Дар охири гузориш, Авфи Байналмилал барои Эмомалӣ Раҳмон шаш мушкили аслии Тоҷикистонро номбар кардааст, ки бе ҷазо боқӣ мондани омилони шиканҷа, саркӯбии шоҳидони ҳолатҳои нақзи ҳуқуқ, бадрафторӣ дар зиндон ва маҳдуд гардидани майдони фаъолият барои сиёсатмадорон аз ҷумлаи онҳост.