21 рӯзи рӯзадории масеҳиён барои Эмомалӣ Раҳмон
Бархе аз сокинони Тоҷикистон бо ирсоли паём ва шеърҳои эҷодкардаи худ Эмомалӣ Раҳмонро барои бори дигар президент шуданаш табрик намудаанд.
Бештари муаллифони ин номаҳо аз рушду пешрафти Тоҷикистон дар давоми 21 соли ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ӯро бо Исмоили Сомонӣ, асосогузори давлати Сомониён, муқоиса кардаанд ва ҳатто бархеҳо аз раисиҷумҳур ба унвони падар ё шоҳи хеш ном бурдаанд.
Дар яке аз ин номаҳо, ки дар торнамои расмии дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар ба табъ расид, аз номи Ҷамшед Одинаев, як сокини Тоҷикистон, омадааст: “Ман, ки як муаррих ҳастам, ба солҳои сари қудрат омадани шахсиятҳои бузург диққати ҷидӣ медиҳам ва бо мувофиқ омадани солҳои таърих, ки баъди чандин аср ба вуқуъ меояд, лаззат мебарам. Соли 992 дар давлати Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ сардори давлат шуд. Ӯ тавонист, ки ин давлатро мустаҳкам ва пешрафташро ривоҷ бидиҳад. Баъди 1100 сол Худованд дар соли 1992 Шуморо сардори давлати нави тоҷикон, сари қудрат овард. Шумо дар муддати кӯтоҳтарин ин кишвари ҷангзадаро ба сулҳу ваҳдат оварда, тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот додед.”
Ҷалолиддин Нуров, корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар паёми табрикии худ, 6 ноябри соли ҷориро дар саҳифаи таърихи тоҷикон санаи муҳим ва хотирмон хонда, бо шеъри эоҷднамудаи хеш пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихобот табрик кардааст:
“Эй Раҳбари Олии мо аз нав шудӣ ту интихоб,
Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар, дишаб туро дидам ба хоб.
Аҳсан турову офарин, зебо намудӣ меҳанат,
Сарвар будан бодо ҳалол, чун шири модар бар танат.
Кардӣ сияҳиҳоро сафед, бахшидӣ бар дилҳо умед,
Сулҳофари даврони мо дар роҳбарӣ роҳат сафед.
Дар фикри они то ҳанӯз, Роғуни худ гардон кунӣ.
Ҳам равшании хонаро бар тоҷикон арзон кунӣ...”
Саёҳат Иброҳимова, яке аз муаллимаҳои тоҷик, низ дар паёми табрикотияш, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфтааст, ӯро ҳамчун падарвор дӯст медорад. Ин муаллима изҳор доштааст, ки ин суханонро ба мисли бархе шаттоҳон ба хотири мансабу ҷои кор намегӯяд. Ӯ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, то барояш як мулоқти ғайрирасмиеро баргузор намояд: “Дар дил як орзу дорам, ки бо Шумо як бор ҳам бошад дар зиндагиам рӯ ба рӯ шуда, ҳамсӯҳбат шавам. Расмӣ не, зеро дар суҳбати расмӣ дар назди наворбардор худамро гум мекунаму рӯирост гап зада наметавонам.”
Инчунин, масеҳиёни Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба унвони дафтари матуботии раёсати ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои даст боло шудан ба рақибонаш дар интихобот табрик гуфтаанд. Масеҳиёни тоҷик гуфтаанд, ки онҳо ба хотири бори дигар ба курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон нишастани Эмомалӣ Раҳмон 21 рӯзро рӯзи рӯзадорӣ ва дуо барои интихобот эълон кардаанд: “Мо дар калисо 21 рӯз рӯзаву дуо эълон кардем. Ва ҳар субҳ аз соати 6:30 то 7:30 ҳама имондорон дар калисо якҷоя ҷамъ шуда махсус барои Шумо дуо кардем, ки Худо бори дигар прездидент интихоб ва таъин гардед. Имрӯз рӯзи охири дуо ва рӯзаи 21 рӯза буд.”