Кумитаи дин: Чор зоири тоҷик аз ҳаҷ барнагаштанд
Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон бо эълони анҷоми маъракаи “Ҳаҷ-2013” мегӯяд, имсол чор зоири тоҷик дар замини муқаддас фавтиданд.
Ин ниҳод бо баёни ҳамдардӣ ба наздикони зоирине, ки дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд, ном, соли таваллуд ва рӯзи фавташонро зикр кардааст, ки инҳоянд: “Асоева Садбарг, соли таваллудаш 1965, ноҳияи Ҳисор, деҳаи Ойбош ҷамоати деҳоти Навобод рўзи фавт 24.09.2013. Одинаев Талбак, соли таваллудаш 1940, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кўчаи Низомии Ганҷавӣ, рўзи фавт 06.10.2013. Кулматов Абдувалӣ, соли таваллудаш 1942, ноҳияи Мастчоҳ, деҳаи Навобод, колхози ба номи К.Маркс, рўзи фавт 07.10.2013. Ашуров Акаҷон, соли таваллудаш 1939, аз ноҳияи Хуросон деҳаи Ҳилолӣ, ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, рўзи фавт 26.10.2013.”
Дар доираи маъракаи “Ҳаҷ-2013” охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 3-юми ноябр баргаштанд.