Воронеж панҷ шаҳрванди Узбакистонро депорт кард
Панҷ муҳоҷири кории Узбакистонро бо иттиҳоми кору зиндагии ғайриқонунӣ дар қаламрави Воронеж ба ватан ихроҷ кардаанд.
Ба иттилои расонаҳо барои ин афрод аз ҳисоби буҷаи Русия чиптаи ҳавопаймо харидорӣ шуда ва онҳо то фурудгоҳи “Внуково” интиқол ёфтаанд. Онҳо давоми панҷ оли оянда аз ҳаққи вуруд ба марзи Федератсияи Русия маҳруманд.