Беш аз 16 млн. $ кумаки Амрико ба Маркази саратоншиносӣ (АКС)
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба Маркази онкологӣ ё саратоншиносии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 16 миллион доллар кумак кардааст. Ин кумак рӯзи 8 ноябр дар муассисаи давлатии “Маркази илмии саратоншиносӣ”-и кишвар бо ҳузури Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе ва Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, тақдим шуд.
Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, дар давоми 12 соли ҳамкории Тоҷикистон бо Амрико дар соҳаи тандурустӣ, Душанбе аз Вашингтон дар ҳаҷми беш аз 380 миллион доллар доруворӣ гирифтааст. Ӯ гуфт, “Вазорати тандурустӣ номгӯи доруҳои заруриро ба ҷониби Амрико пешниҳод мекунад ва онҳо аз тарафи муассисаҳои дорусозии худ ин доруҳоро ба таври ройгон гирифта, аз ҳисоби худ то Тоҷикистон мерасонанд. Ин доруворӣ ба тамоми беморхонаҳои кишвар тақсим карда мешавад.”
Зафар Ҳусейнов, сардори Маркази миллии саратоншиносӣ, мегӯяд, доруҳои хайриявие, ки ин ниҳод аз сӯи муассисаҳои амрикоӣ дастрас мекунаду ба беморони тоҷик бояд ройгон тақсим карда шаванд, истеҳсоли ширкатҳои дорусозие мебошанд, ки дар ҷаҳон обрӯи хосса доранд. “Таъсирнокии ин доруҳо нисбат ба дигар доруҳои дорухонаҳои мо баланд мебошад”,-афзуд ӯ.
Оқои Ҳусейнов дар идома гуфт, солона беш аз чаҳор ҳазор нафар мавриди ташхису табобат дар Маркази миллии саратоншиносӣ қарор мегиранд.