Издивоҷи “Ҷимии тоҷик” бо ҷавонзане аз Санкт-Петербург
Боймурод Аллабердиев, ки дар Русия зиндагӣ мекунаду бештар бо номи “Ҷимии тоҷик” маъруф аст, бо як ҷавонзане аз шаҳри Санкт-Петербург оила барпо намудааст.
Нашрияи “Московский комсомолец” мегӯяд, маросими хонадоршавии “Ҷимии тоҷик” рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ баргузор шуда ва Боймурод Аллабардиев бо охирин пулҳои ҷамъкардааш шомпон ва гул харидааст. Оқои Аллабердиев мегӯяд, панҷ соли қабл барои муҳоҷират ба Русия рафт ва дар даст аслан маблағе надошт. Аммо ҳоло гурӯҳи мусиқии худро ташкил намуда, тавонистааст бо пули худ оила барпо намояд.
Людмила -- завҷаи Боймурод соҳиби маълумоти олӣ будааст. Онҳо дар сӯҳбат бо “Московский комсомолец” гуфтаанд, бисёр мехоҳанд, сокинони Санкт-Петербургро бо муҳоҷирон ошно намуда, сӯитафоҳуми эҷодшуда миёни онҳоро аз байн бубаранд.
Аллабердиев, ки аслан миллаташ узбак будааст, бештар бо номи “Ҷимии тоҷик” маъруф аст. Нахустин видеои ӯ дар Ютюб яке аз сербинандатаринҳо буд, ки дар он таронаи Митхун Чакрабортиро аз як филми ҳиндӣ бо зарби тахтаву сатил бозхонӣ мекунад. Вай моҳи октябр дар барномаи “Пусть говорят”, ки он ҷо қиссаи муҳоҷири тоҷик Саид Шарифов мавриди баҳс қарор дошт, ҳузур пайдо кард. Вай он ҷо гуфта буд, ба зудӣ оиладор мешавад.
Аллабериев соли 1971 дар колхози "Правда"-и шаҳри Қурғонтеппа таваллуд ёфтааст. Як навори ӯ дар соли 2009, ки бо истифода аз сатил таронаи "Jimmy Jimmy Jimmy Aaja"-и ҳиндиро месарояд, дар бахши клипҳои ҳаваскории YouTube "Видеои сол" эълон шуд. Зоҳиран баъди ҳамин ӯ ба як чеҳраи маъруфи шоу бизнеси Русия табдил шуд.