Руҳонӣ: Давраи нави раҳбарии Раҳмон фурсати муҳими мост
Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури нави Эрон Эмомалӣ Раҳмонро барои бори дигар президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш табрик кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Эрон, Руҳонӣ дар ин паёми табрикотиии худ давраи нави раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро фурсати муҳиме хондааст. Ӯ гуфта, ки ин давра барои самарабахшгардонии талошҳои масъулини тоҷику эронӣ ҷиҳати барномаҳои руикоргирифтаи ду кишвар шароитро фароҳам хоҳад овард.
Раисиҷумҳури нави Эрон изҳорӣ умедворӣ кардааст, ки дар марҳаллаи нави раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди густариши рӯзафзуни равобит миёни ду кишвар дар баробари манофеи дуҷонибаи миллат ва инчунин тавсеаи сулҳу субот ва амнияти минтақавию байналмилалӣ хоҳем шуд. Дар охир Ҳасан Руҳонӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфтааст.
Инчунин Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон низ зимни як тамоси телефонӣ ин пирӯзиро ба Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфтааст. Ӯ изҳори муедворӣ кардааст, ки ин марҳилаи нави раҳбарии оқои Раҳмон ба муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябр баргузор шуда, тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, ки натиҷаҳои муқаддамотии онро эълон кард, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 83 дар сади оро барои ҳафт соли дигар раиси ҷумҳур интихоб шуд.
Ба ин тартиб, оқои Раҳмон барои бори чаҳорум ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар интихоботҳои соли 1994, 1999 ва 2006 низ бар рақибонаш дастболо шуда буд.