Ҳушдори Зоиров дар бораи давраи “мушкил” ва “охирин”-и Раҳмон
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ва аз мухолифони ашаддии Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд, натоиҷи интихоботи президентии 6 ноябрро, ки ба гуфтаи ӯ бидуни рақобати ҷиддӣ сурат пазируфт, қабул надорад.
Вай гуфт, иттилои Кумисюни марказии интихобот дар бораи он ки 83,6 дарсади раъйдиҳандагон аз оқои Раҳмон тарафдорӣ кардаанд, ба изҳоротҳои қаблии раисиҷумҳур мухолифанд. “Эмомалӣ Раҳмон чанд бор баромад карда ва гуфта буд, 80-90 фоиз овоз гирифта наметавонад. Агар 70 фоизи овозҳоро ба ӯ медоданд, одамон розӣ мешуданд ва ба ҳақиқат ҳам наздиктар буд”,-таъкид кард Зоиров.
Раиси ҲСДТ ва собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, мегӯяд, ҳоло масъалаи аслӣ он аст, ки оқои Раҳмон ва ҷомеаи Тоҷикистон вориди давраи мушкилтарин шудаанд. “Барои он ки Тоҷикистон дар бӯҳрони низомӣ ва конститутсионӣ қарор дорад. Масъалаи дигар бӯҳрони кадрӣ ё дефитсити кадрист. Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кадрҳои будаашро ҳаматарафа ва чандкарата истифода кард, аммо ба натиҷае нарасид. Агар боз ба инҳо такя кунад, ба ҷое нахоҳад расид”,-гуфт Раҳматилло Зоиров
Вай афзуд, “ҳоло ҷомеа ба ислоҳот ниёз дорад. Ислоҳоти иқтисодиву конститутсионӣ. Агар Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ислоҳотро ба амал бароварда натавонад, давраи ба коллапс расидан ё фурӯпошии Тоҷикистон мебошад.”
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар бораи кори нозирони байналмилалӣ ҳам изҳори назар кард ва гуфт, “кори нозиронро наметавон дуруст арзёбӣ кард. Иштироки нозирони байналмилалӣ яке аз шартҳои интихобот аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки кори онҳо то куҷо самарабахш ва дуруст аст? Аксари нозирони САҲА ва Парлумони Аврупо дар бораи махсусиятҳои Тоҷикистон, ҷамъияту расму оини он ба таври бояду шояд хабар надоранд. Бинобар ин, онҳо дар рафти кори худ наметавонанд ҳама ҷиҳатҳои манфию мусбати интихоботро бинанд. Мушкили дигари онҳо забон аст: аксари корҳои зери парда бо забони тоҷикӣ ва бо лаҳҷаи маҳаллӣ анҷом меёбад, ки ин низ аз назару гӯши нозирон дур мемонад.”
Раҳматилло Зоиров ва ҳизби ӯ интихоботи президентии Тоҷикистонро дар пайи сабтином нашудани ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, бойкот эълон карда буд.