Фирор ва айбдоршавии дипломатҳои амрикоӣ дар ду садмаи нақлиётӣ
Дипломатҳои амрикоӣ дар Қирғизистон ба хотири халосӣ аз ҷавобгарӣ дар ду садамаи нақлиётӣ, ки дар онҳо гумонбари аслӣ дониста мешаванд, аз макони ҳодиса фирор кардаанд.
Ба навиштаи расонаи “news-asiа”, нимаи дуюми рӯзи 5 ноябр дар яке аз кучаҳои ба номи “Юнус Алиев”-и шаҳри Бишкек бо айби намояндагони Сафорати Амрико дар Қирғизистон садамаи нақлиётӣ ба вуҷуд омадааст. Дипломатҳои амрикоӣ ба хотири раҳоӣ аз ҷавобгарӣ бо мошини навъи “Форд”, ки дорои рақами дипломатӣ (D 02 089) будааст, аз макони ҳодиса ғайб мезананд, вале баъд аз чанд лаҳза иштирокчии садамаи дигари нақлиётӣ мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, чун маъмурони пулис ба макони ҳодисаи баъдӣ ҳозир шуда, аз дипломатҳои амрикоӣ берун шудан аз мошинро талаб кардаанд, онҳо бо дидани ин ки мардум эшонро бо дурбинҳои телефони ҳамроҳ ба навор мегиранд, аз ҷои ҳодиса фирор мекунанд. Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон аз марбут будани мошини навъи “Форд” бо рақамҳои (D 02 089) ба сафорати Амрико дар ин кишвар хабар дода, гуфтааст, дипломатҳои амрикоӣ барои пурсиш фаро хонда шудаанд.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли маъмурини пулиси ин кишвар иттилоъ додаанд, ки ин садама дар пайи риоя нашудани қоидаи ҳаракат дар роҳ сар задааст. Дипломатҳо бо вуҷуди сурх будани ранги чароғаки роҳнамо хостаанд, аз чорроҳа убур кунанд. Аз сӯи дигар, сафорати Амрико дар Қирғизистон низ ин хабарро таъйид карда, гуфтааст, садамаи нақлиётӣ дар шарқу ҷануби шаҳри Бишкек бо гуноҳи дипломатҳои онҳо рух додааст.